Сафари расмии коршиносони Оҷонсии байналмилалии нерӯи атомӣ
Аз 31 май то 4 июн сафари расмии коршиносони Оҷонси байналмилалии нерӯи атомӣ (МАГАТЭ) дар доираи ҳамкориҳои техникӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ҳайати коршиносон Сандра Стейскал — роҳбари лоиҳаҳои МАГАТЭ, сардори бахши Аврупо дар департаменти ҳамкориҳои техникӣ, Даниэл Бергер — физики тиббӣ ва Оливие Пелле — радиолог шомил буданд.
Дар доираи сафари худ, коршиносони МАГАТЭ аз АЯРБ НАНТ, озмоишгоҳҳои ХБРЯ дар назди АЯРБ, Муассисаи давлатии «Маркази илмии онкологии ҷумҳуриявӣ»-и ВТҲ ва Маркази онкологии шаҳри Хуҷанд боздид карданд.